Соҳибкорӣ миёни занон дар саросари ҷаҳон рушд меёбад. Онҳо барои муассисаҳои молиявӣ ба бахши ҷолиби муштариён табдил меёбанд. Бо вуҷуди ин, дастрасӣ ба маблағгузорӣ яке аз мушкилоти ҷиддитарин боқӣ мемонад, ки занон дар тиҷорат бо он рӯбарӯ мешаванд.

Ҳадафи курси мазкур - ин ба шумо кӯмак расонидан дар таҳия / пешниҳоди маҳсулот ва хизматрасониҳои молиявие, ки хусусиятҳои гендерии занони соҳибкорро ба инобат мегиранд ва ниёзҳои хосаи онҳо (ҳам муштариёни нав ва ҳам мавҷудбуда)-ро қонеъ месозанд, то ҳиссаи бозор ва сандуқи қарзиро бомуваффақият зиёд намоед.

Ин курс се мавзӯи асосиро дар бар мегирад. Қисми якум бо мафҳумҳои гендерӣ шинос намуда, шарҳ медиҳад, ки барои чӣ онҳо барои муассисаҳои молиявӣ муҳиманд, баробарӣ ва фарқияти гендерӣ дар ҷаҳон ва вазъият дар кишварҳои муайян чӣ гуна мебошанд. Қисми дуюми курс ба монеаҳое, ки занон дар тиҷорат ҳангоми дастрасӣ ба маблағгузорӣ дучор мешаванд ва ба он, ки чӣ гуна ташкилотҳои молиявӣ метавонанд фарогири гендерӣ бошанд, бахшида шудааст. Қисми сеюми курс барои додани донишу малакаҳои амалӣ доир ба хизматрасонии самаранок ба занони соҳибкор ва афзоиши сандуқи ташкилотҳои молиявӣ пешбинӣ шудааст.

Пас аз анҷоми курс, шумо дар бораи маблағгузории гендерӣ тасаввурот пайдо мекунед, дар таҳлили бозор ва сандуқи гендерии худ, таҳияи хизматрасониҳои ғайримолиявӣ барои ҳалли мушкилоте, ки муштариёни мақсадноки шумо – занони соҳибкор – рӯ ба рӯ мешаванд, муайянкуни симои муштариён барои хизматрасонии самаранок дониши амалӣ мегиред, инчунин малакаҳои муоширати самаранок бо занони соҳибкорро ба даст меоред. Илова бар ин, шумо бо усулҳои нигоҳдорӣ, ҷалбкунӣ ва қонеъгардонии ниёзҳои муштариён шинос мешавед.

Шунавандагони мақсадноки курс: ҳамаи кормандон.