Онлайн-практикум барои мустаҳкам кардани мавзӯи назариявии тартиб додани тавозун ва ҳисоботи фоида ва зарар (ҲФЗ) пешбинӣ шудааст, ки дар онлайн-практикуми "Асосҳои қарздиҳии хурд" баррасӣ мешавад. Мақсади практикум ин такмилдиҳии истифодаи донишҳои бадастомада барои ҳалли масъалаҳои амалӣ мебошад.

Шунавандагони мақсадноки практикуми кормандони муассисаҳои молиявии дар хизматрасонии корхонаҳои микро ва хурд (КМХ) иштирокдошта мебошанд.

Ҳамаи супоришҳои практикум - ҳолатҳои намунавӣ мебошанд, ки барои тиҷорати хурди дар соҳаи савдо ё хизматрасонӣ коркунанда, хосанд. Супоришҳо дар асоси ҳолатҳои воқеии аз таҷрибаи қарздиҳии КМХ-и кишварҳои гуногун ҷамъоваришуда таҳия шудаанд.

Дар ҷараёни кор, пас аз таҳлили ҳамаҷонибаи маълумоти гирифташуда, мутахассиси қарзӣ бояд чунин ҳалли супоришро пайдо кунад, ки ҳам барои ташкилоти молиявӣ ва ҳам барои муштарӣ оптималӣ бошад. Бо воситаи омӯзиши чуқури ҳолатҳои мушаххас, аз ҷумла, чунин малакаи муҳим, ба монанди таҳияи муносибати инфиродӣ ба ҳар як муштарӣ, бо назардошти тамоми хусусиятҳои он, ташкили мушаххаси тиҷорат ва хусусиятҳои вазъи молиявӣ мустаҳкам карда мешавад.

Воҳидҳои пулӣ дар ҳама супоришҳо шартӣ мебошанд ва ба ягон асъори мушаххас вобаста нестанд.

Практикум аз 7 супориш иборат аст. Пас аз ба итмом расидани практикум, шумо метавонед санҷиши худтафтишкуниро супоред. Шаҳодатномаи хатми практикум дода намешавад.

Вақти умумии практикум ба ҳисоби миёна 1,5-2 соатро ташкил медиҳад.

Барои ҳисобҳо ба шумо ҳисобкунакҳо лозиманд.

Тарҷумашавии курси омӯзишии мазкур дастгирӣ шудааст

Курс переведён при поддержке

This course was translated with support from