Практикуми Онлайн барои мустаҳкам кардани донишҳои дар курси назариявии "Асосҳои қарздиҳии хурд" гирифташуда пешбинӣ шудааст. Дар практикум таҳияи ҳисоботи гардиши пули нақд (ГПН ё Cash Flow) дар муқоиса бо таҳияи ҳисоботи фоида ва зарар (ҲФЗ) баррасӣ карда мешавад. Истифодаи донишҳои назариявии гирифташударо ба ҳалли масъалаҳои амалӣ мақсади практикум мебошад.
Супориши асосии практикуми зерин - ин беҳтар фаҳмидан ва азхуд кардани фарқи байни ҳисоб кардани ҳисоботи Cash Flow ва ҳисоботи ҲФЗ ва таҳияи онҳо дар мисолҳои гуногун мебошад.
Ҳамаи супоришҳои амалкунанда ин ҳолатҳои намунавӣ мебошанд, ки барои тиҷорати хурде, ки дар соҳаи савдо ё хизматрасонӣ кор мекунад, хос аст. Супоришҳо дар асоси ҳолатҳои воқеии аз таҷрибаи қарздиҳии КМХ кишварҳои гуногун ҷамъоваришуда таҳия шудаанд.
Воҳидҳои пулӣ дар ҳама супоришҳо шартӣ мебошанд ва ба ягон асъори мушаххас вобаста нестанд.
Практикум аз 6 супориш иборат аст. Пас аз ба итмом расидани практикум, шумо метавонед санҷиши худтафтишкуниро супоред. Азбаски практикум курси онлайнии "Асосҳои қарздиҳии хурд"-ро пурра мекунад, барои он шаҳодатномаи алоҳидаи хатми таҳсил бароварда намешавад.
Вақти умумии гузаронидани практикум ба ҳисоби миёна 1,5-2 соатро ташкил медиҳад.
Барои ҳисобҳо ба шумо ҳисобкунакҳо лозиманд.
Тарҷумашавии курси омӯзишии мазкур дастгирӣ шудааст
Курс переведён при поддержке
This course was translated with support from
