Onlayn praktikum “Mikrokreditlash asoslari” nazariy kursida olingan bilimlarni mustahkamlash uchun moʻljallangan. Praktikumda Foyda va zararlar to`g`risidagi hisobotni tayyorlash bilan solishtirganda Pul oqimlari to`g`risidagi hisobotni (yoki Cash Flow) tayyorlash ko`rib chiqiladi. Praktikumning maqsadi amaliy muammolarni hal qilishda olingan nazariy bilimlarni qo`llashni ishlab chiqishdir.
Ushbu praktikumning asosiy maqsadi Cash Flow hisobotini hisoblash Foyda va zararlar to`g`risidagi hisobotni hisoblashdan qanday farq qilishini, ularni turli misollar asosida ishlab chiqib, yaxshiroq tushunish va o`zlashtirishdir.
Praktikumga kiritilgan barcha topshiriqlar savdo yoki xizmat ko`rsatish sohasida ishlaydigan kichik biznes uchun xos bo`lgan odatiy holatlardir. Vazifalar turli mamlakatlardagi MMPlarni kreditlash amaliyotidan to`plangan real holatlar asosida ishlab chiqilgan.
Barcha topshiriqlardagi pul birliklari shartli va ma`lum bir valyutaga bog`liq emas.
Praktikum 6 ta topshiriqdan iborat. Praktikum yakunida siz o`z-o`zini tekshirish testidan o`tishingiz mumkin. Praktikum “Mikrokredit asoslari” onlayn kursini to`ldirganligi sababli, u uchun o`qishni tugatganligi to`g`risida alohida guvohnoma chiqarilmaydi.
Praktikumni o`tish uchun umumiy vaqt o`rtacha 1,5-2 soatni tashkil qiladi.
Hisob-kitoblar uchun sizga kalkulyatorlar kerak bo`ladi.
Муқаддима ба курси омӯзишӣ
Қарздиҳӣ ба агробизнес (корхонаҳои кишоварзӣ) яке аз самтҳои фаъолияти аксари ташкилотҳои молиявӣ ба шумор меравад, зеро кишоварзӣ дар иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад ва қисми зиёди аҳолии қобили меҳнатро бо кор таъмин мекунад. Аммо фаъолият дар соҳаи кишоварзӣ дар муқоиса бо фаъолият дар соҳаҳои тиҷорат, хизматрасонӣ ва ҳатто истеҳсолот хусусияти бараъло намоёнро дорад.
Мақсади курси омӯзишии “Хусусиятҳои қарздиҳӣ ба корхонаҳои кишоварзӣ” дар муаррифӣ намудани хусусиятҳои асосии ба худ хоси соҳаи кишоварзӣ ва фарқиятҳои асосӣ дар кори коршиносони қарзӣ бо деҳқонон ва корхонаҳои хурди кишоварзӣ мебошад.
Курси омӯзишии мазкур барои доираи васеи мутахассисон ва менеҷерҳои сатҳи миёнаи ташкилотҳои молиявӣ, ки ба мизоҷон аз соҳаи кишоварзӣ хизмат мерасонанд, пешбинӣ шудааст.
Зимнан дар назар дошта мешавад, ки шумо дар бораи қарздиҳӣ ба корхонаҳои хурдтарин ва хурд дониши ибтидоӣ доред. Дар акси ҳол, мо тавсия медиҳем, ки шумо аввал курси онлайни “Асосҳои қарздиҳии хурд”-ро омӯзед.
Пас аз омӯзиши ин курс, шумо:
- Бо шарҳи мухтасари соҳаи кишоварзии Осиёи Миёна шинос мешавед.
- Хусусияти соҳаи растанипарварӣ ва чорводориро меомӯзед, зеро ҳангоми кор бо мизоҷон аз соҳаи кишоварзӣ, дар ин масъалаҳо фаҳмиш доштан лозим аст.
- Дар бораи услубҳои имконпазир барои гузаронидани таҳлили фаъолияти деҳқонон ва корхонаҳои хурди кишоварзӣ маълумот пайдо мекунед.
- Самтҳои санҷиши чандтарафаи малумотро меомӯзед, ки ба мизоҷон аз соҳаи кишоварзӣ хос мебошад.
- Фарқиятҳои асосии ба ҳисобгириро меомӯзед, ки дар корхонаҳои кишоварзӣ истифода мешавад.
- Вариантҳои имконпазири тартиб додани ҳисоботҳои таҳлилӣ ва молиявиро дар хулосаҳои қарзии ташкилотҳои молиявӣ дида мебароед.
- Бо хавфҳои ҷиддие, ки бо онҳо истеҳсолкунандагони соҳаи кишоварзӣ дучор мешаванд, шинос хоҳед шуд. Аз ҷумла, хавфҳои истеҳсолиро муфассал меомӯзед.
- Дар бораи усулҳои имконпазири паст кардани хавфҳои қарздиҳӣ ба мизоҷони соҳаи кишоварзӣ мефаҳмед.
Курси омӯзишии мазкур аз 7 дарс иборат мебошад, ки дар 3 қисм гурӯҳбандӣ шудааст. Дар охири курси омӯзишӣ ба шумо пешниҳод карда мешавад, ки тести ниҳоиро гузаред. Аз рӯи натиҷаи тест шаҳодатномаи электронӣ дар бораи хатми курси омӯзишӣ тайёр карда мешавад.
Давомнокии миёнаи омӯзиши курс 5-6 ҳафта мебошад. Дарсҳо ба ҳисоби миёна барои 45 дақиқа кор кардан таҳия шудаанд. Тавсия дода мешавад, ки дар як ҳафта як ё ҳадди аксар ду дарсро омӯзед.
Онлайн-практикум барои мустаҳкам кардани мавзӯи назариявии тартиб додани тавозун ва ҳисоботи фоида ва зарар (ҲФЗ) пешбинӣ шудааст, ки дар онлайн-практикуми "Асосҳои қарздиҳии хурд" баррасӣ мешавад. Мақсади практикум ин такмилдиҳии истифодаи донишҳои бадастомада барои ҳалли масъалаҳои амалӣ мебошад.
Шунавандагони мақсадноки практикуми кормандони муассисаҳои молиявии дар хизматрасонии корхонаҳои микро ва хурд (КМХ) иштирокдошта мебошанд.
Ҳамаи супоришҳои практикум - ҳолатҳои намунавӣ мебошанд, ки барои тиҷорати хурди дар соҳаи савдо ё хизматрасонӣ коркунанда, хосанд. Супоришҳо дар асоси ҳолатҳои воқеии аз таҷрибаи қарздиҳии КМХ-и кишварҳои гуногун ҷамъоваришуда таҳия шудаанд.
Дар ҷараёни кор, пас аз таҳлили ҳамаҷонибаи маълумоти гирифташуда, мутахассиси қарзӣ бояд чунин ҳалли супоришро пайдо кунад, ки ҳам барои ташкилоти молиявӣ ва ҳам барои муштарӣ оптималӣ бошад. Бо воситаи омӯзиши чуқури ҳолатҳои мушаххас, аз ҷумла, чунин малакаи муҳим, ба монанди таҳияи муносибати инфиродӣ ба ҳар як муштарӣ, бо назардошти тамоми хусусиятҳои он, ташкили мушаххаси тиҷорат ва хусусиятҳои вазъи молиявӣ мустаҳкам карда мешавад.
Воҳидҳои пулӣ дар ҳама супоришҳо шартӣ мебошанд ва ба ягон асъори мушаххас вобаста нестанд.
Практикум аз 7 супориш иборат аст. Пас аз ба итмом расидани практикум, шумо метавонед санҷиши худтафтишкуниро супоред. Шаҳодатномаи хатми практикум дода намешавад.
Вақти умумии практикум ба ҳисоби миёна 1,5-2 соатро ташкил медиҳад.
Барои ҳисобҳо ба шумо ҳисобкунакҳо лозиманд.
Тарҷумашавии курси омӯзишии мазкур дастгирӣ шудааст
Курс переведён при поддержке
This course was translated with support from

Практикуми Онлайн барои мустаҳкам кардани донишҳои дар курси назариявии "Асосҳои қарздиҳии хурд" гирифташуда пешбинӣ шудааст. Дар практикум таҳияи ҳисоботи гардиши пули нақд (ГПН ё Cash Flow) дар муқоиса бо таҳияи ҳисоботи фоида ва зарар (ҲФЗ) баррасӣ карда мешавад. Истифодаи донишҳои назариявии гирифташударо ба ҳалли масъалаҳои амалӣ мақсади практикум мебошад.
Супориши асосии практикуми зерин - ин беҳтар фаҳмидан ва азхуд кардани фарқи байни ҳисоб кардани ҳисоботи Cash Flow ва ҳисоботи ҲФЗ ва таҳияи онҳо дар мисолҳои гуногун мебошад.
Ҳамаи супоришҳои амалкунанда ин ҳолатҳои намунавӣ мебошанд, ки барои тиҷорати хурде, ки дар соҳаи савдо ё хизматрасонӣ кор мекунад, хос аст. Супоришҳо дар асоси ҳолатҳои воқеии аз таҷрибаи қарздиҳии КМХ кишварҳои гуногун ҷамъоваришуда таҳия шудаанд.
Воҳидҳои пулӣ дар ҳама супоришҳо шартӣ мебошанд ва ба ягон асъори мушаххас вобаста нестанд.
Практикум аз 6 супориш иборат аст. Пас аз ба итмом расидани практикум, шумо метавонед санҷиши худтафтишкуниро супоред. Азбаски практикум курси онлайнии "Асосҳои қарздиҳии хурд"-ро пурра мекунад, барои он шаҳодатномаи алоҳидаи хатми таҳсил бароварда намешавад.
Вақти умумии гузаронидани практикум ба ҳисоби миёна 1,5-2 соатро ташкил медиҳад.
Барои ҳисобҳо ба шумо ҳисобкунакҳо лозиманд.
Тарҷумашавии курси омӯзишии мазкур дастгирӣ шудааст
Курс переведён при поддержке
This course was translated with support from
