Формат обучения: online

Даты мероприятия: доступен постоянно

Стоимость: бесплатно

Доступ с текущей даты на 60 дней.

Обучение доступно для финансовых организаций стран региона.

Низоми мониторинги мизоҷ ва соҳибкории вай, баҳодиҳии вазъияти ҷорӣ ва имкониятҳои рушди оянда ва пеш гирифтани чораҳо дар сурати пайдоиши аломатҳои изтиробкунандаи барвақтӣ оид ба хавфҳои афзунёфта вобаста ба қарзгир ва/ё мушкилотҳо бо пардохти қарз қисми ҷудоинопазири корест, ки аз ҷониби ташкилотҳои молиявӣ барои пешгирии қарзи мӯҳлатгузашта гузаронида мешавад. Курси “Мониторинги қарзигрон ва кор бо мизоҷони мушкилдор” ба ин мавзӯъ бахшида шудааст.

Хусусиятҳои кор бо қарзгирон дар шароити бӯҳрони иқтисодии фарорасида ё таназзули иқтисодии умумӣ ҳамчун қисмати алоҳида дар курс баррасӣ карда мешаванд.

 Курс барои доираи васеи мутахассисон ва менеҷерони сатҳи миёнаи ташкилотҳои молиявӣ, ки бо қарзгирон – намояндагони соҳибкории хурд кор мекунанд, пешбинӣ шудааст.

 Бо омӯхтани курси мазкур шумо:

  • бо усулҳои гуногуни мавҷуда оид ба гузаронидани мониторинг шинос мешавед;
  • дар бораи мавҷудияти аломатҳои барвақтӣ оид ба хавфҳои афзунёфтаи барнагардонидани қарз, чӣ тавр онҳоро дарёфтан мумкин аст ва кадом амалҳоро ҳангоми ошкоркунии онҳо пеш гирифтан лозим аст, маълумот пайдо мекунед;
  • бо намудҳои гуногуни қарзгирони мушкилдор шинос мешавед;
  • мефаҳмед, ки истифодаи кадом чораҳо нисбат ба намудҳои гуногуни қарзгирони мушкилдор мувофиқи мақсад аст;
  • алгоритми кор бо мизоҷонро дар шароити бӯҳрони иқтисодии фарорасида ё таназзули иқтисодии умумии идомаёбанда дар сатҳи зерсохторҳои ҳудудии ташкилотҳои молиявӣ меомӯзед.

Шумо донишҳои гирифташударо тариқи баррасии мисолҳои амалӣ, ки дар асоси ҳолатҳо аз амалияи воқеии ташкилотҳои молиявӣ омода карда шудаанд, мустаҳкам мекунед.

 Курс аз 5 дарс иборат мебошад. Дар анҷоми курс ба шумо пешниҳод карда мешавад, ки аз санҷиши ниҳоӣ гузаред, ки дар асоси натиҷаҳои он шаҳодатномаи электронӣ оид ба хатми курс тартиб дода мешавад.

Давомнокии миёнаи омӯзиши курс 3-4 ҳафта мебошад. Дарсҳо ба ҳисоби миёна барои 45 дақиқаи кор пешбинӣ карда шудаанд. Омӯзиши як, дар ҳадди аксар ду дарс дар як ҳафта тавсия дода мешавад.