Курс ба се дарси мавзуӣ тақсим шудааст. Дарси якуми курс ба мавзӯъҳои низоми идоракунии корпоративӣ бахшида шудааст. Дар давоми курс шумо мавзӯъҳои зеринро меомӯзед:
- Идоракунии корпоративӣ чист?
- Самараи ҷорӣ намудани идоракунии корпоративӣ
- Услубҳои асосии идоракунии самараноки корпоративӣ
Дарси дуюми курс ба муаррифии мафҳуми хавфҳо ва ҷавоб додан ба саволҳо бахшида шудааст:
- Хавф чист?
- Идоракунии хавф чист?
- Кӣ хавфҳоро идора мекунад?
- Чаро бояд хавфҳоро идора кард?
- Бартариҳои асосии идоракунии хавфҳо кадомҳоянд?
Дарси сеюми курс ба мавзӯъҳо дар соҳаи идоракунии хавфҳо дар муассисаҳои молиявӣ нигаронида шудааст. Дар ин дарс шумо меомӯзед:
- Дар бораи се сатҳи идоракунии хавфҳо дар ташкилоти молиявӣ
- Дар бораи консепсияи се хатти мудофиа дар идоракунии хавф
- Дар бораи меъерњои байналмилалӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо ERM COSO.
Дар асоси натиҷаҳои омӯзиши ҳама мавзӯъҳо, санҷиши ниҳоӣ пешниҳод карда мешавад.
Тарҷумашавии курси омӯзишии мазкур дастгирӣ шудааст
Курс переведён при поддержке
This course was translated with support from