Информация

Курс на запрошенном языке не доступен на сервере этой страны

Формат обучения: online

Даты мероприятия: доступен постоянно

Стоимость: бесплатно

Доступ с текущей даты на 60 дней.

Обучение доступно для финансовых организаций стран региона.

Барои кӣ “суханрони” хуб будан лозим аст? Кӣ бояд ба дигарон дар бораи худ таассуроти касбӣ, вале гармро гузошта тавонад? Кӣ бояд ба саволҳо самимона, кӯтоҳ ва фаҳмо ҷавоб дода тавонад? Ва, кӣ бояд, пеш аз ҳама, шунавандаи хуб бошад?

Ба ҳайси чунин шахсон бояд – коршиноси қарзӣ, менеҷер оиди кор бо мизоҷон ва дигар кормандоне бошанд, ки бо мизоҷон кор мекунанд, дар бобати ҷустуҷӯ ва интихоби аввалияи мизоҷони эҳтимолӣ масъул мебошанд.

Шарти асосӣ: Пеш аз он ки ба курси омӯзишии мазкур шурӯъ мекунед, бояд курси “Асосҳои муошират”-ро омӯзед.

Малакаҳои хуби муоширатӣ қариб дар ҳама навъи тиҷорат лозим мебошанд. Соҳаи хизматрасониҳои молиявӣ – истисно нест.

Муассисаҳои молиявӣ – пешкашкунандаи хизматрасонӣ буда, сарчашмаи асосии фоида барои онҳо – муштариён мебошанд. Муҳим аст, ки корманд бо муштариёни гуногун кор карда тавонад ва нисбати худ ба ҳама мизоҷоне, ки муассиса бо онҳо фаъолият мекунад, таассуроти хуб гузорад. Аммо, ҳангоми ин, бояд ҳамаи муштариёни мувоффиқро дақиқ муайян, ҷалб ва нигоҳ дошта тавонад ва ба онҳо ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба дурнамои дароз пешниҳод намояд. Маълум аст, ки чунин ҳамкорӣ ба муассисаи молиявӣ фоида меорад. Инчунин, ин маънои онро дорад, ки мутахассисони қарзӣ, менеҷерон оид ба кор бо мизоҷон ва дигар кормандони “Фронт-офис”, ки барои ҷалб кардан ва нигоҳ доштани мизоҷон ӯҳдадор мебошанд, бояд мизоҷонро фаҳмида тавонанд ва самаранок ва ба таври натиҷаовар аз онҳо маълумоти заруриро барои муайян кардани ниёзҳо ва имкониятҳои онҳо гиранд.

Ҳамин тавр, дар ин курси омӯзишӣ шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр бо мизоҷон ба таври самаранок муошират кардан лозим аст, инчунин имконият пайдо мекунед, ки малакаҳои амалии муоширатиро машқ карда бароед.

Давомнкии миёнаи мӯҳлати омӯзиши курс 2 ҳафта мебошад. Дарсҳо ба ҳисоби миёна ба 45 дақиқа таъин шудаанд. Омӯзиши як ё ҳадди аксар ду дарс дар як ҳафта тавсия дода мешавад.