Информация

Курс на запрошенном языке не доступен на сервере этой страны

Формат обучения: online

Даты мероприятия: доступен постоянно

Стоимость: бесплатно

Доступ с текущей даты на 60 дней.

Обучение доступно для финансовых организаций стран региона.

Муқаддима ба курси омӯзишӣ

Қарздиҳӣ ба агробизнес (корхонаҳои кишоварзӣ) яке аз самтҳои фаъолияти аксари ташкилотҳои молиявӣ ба шумор меравад, зеро кишоварзӣ дар иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеи муҳимро ишғол мекунад ва қисми зиёди аҳолии қобили меҳнатро бо кор таъмин мекунад. Аммо фаъолият дар соҳаи кишоварзӣ дар муқоиса бо фаъолият дар соҳаҳои тиҷорат, хизматрасонӣ ва ҳатто истеҳсолот хусусияти бараъло намоёнро дорад.

Мақсади курси омӯзишии “Хусусиятҳои қарздиҳӣ ба корхонаҳои кишоварзӣ” дар муаррифӣ намудани хусусиятҳои асосии ба худ хоси соҳаи кишоварзӣ ва фарқиятҳои асосӣ дар кори коршиносони қарзӣ бо деҳқонон ва корхонаҳои хурди кишоварзӣ мебошад.

Курси омӯзишии мазкур барои доираи васеи мутахассисон ва менеҷерҳои сатҳи миёнаи ташкилотҳои молиявӣ, ки ба мизоҷон аз соҳаи кишоварзӣ хизмат мерасонанд, пешбинӣ шудааст.

Зимнан дар назар дошта мешавад, ки шумо дар бораи қарздиҳӣ ба корхонаҳои хурдтарин ва хурд дониши ибтидоӣ доред. Дар акси ҳол, мо тавсия медиҳем, ки шумо аввал курси онлайни “Асосҳои қарздиҳии хурд”-ро омӯзед.

Пас аз омӯзиши ин курс, шумо:

  • Бо шарҳи мухтасари соҳаи кишоварзии Осиёи Миёна шинос мешавед.
  • Хусусияти соҳаи растанипарварӣ ва чорводориро меомӯзед, зеро ҳангоми кор бо мизоҷон аз соҳаи кишоварзӣ, дар ин масъалаҳо фаҳмиш доштан лозим аст.
  • Дар бораи услубҳои имконпазир барои гузаронидани таҳлили фаъолияти деҳқонон ва корхонаҳои хурди кишоварзӣ маълумот пайдо мекунед.
  • Самтҳои санҷиши чандтарафаи малумотро меомӯзед, ки ба мизоҷон аз соҳаи кишоварзӣ хос мебошад.
  • Фарқиятҳои асосии ба ҳисобгириро меомӯзед, ки дар корхонаҳои кишоварзӣ истифода мешавад.
  • Вариантҳои имконпазири тартиб додани ҳисоботҳои таҳлилӣ ва молиявиро дар хулосаҳои қарзии ташкилотҳои молиявӣ дида мебароед.
  • Бо хавфҳои ҷиддие, ки бо онҳо истеҳсолкунандагони соҳаи кишоварзӣ дучор мешаванд, шинос хоҳед шуд. Аз ҷумла, хавфҳои истеҳсолиро муфассал меомӯзед.
  • Дар бораи усулҳои имконпазири паст кардани хавфҳои қарздиҳӣ ба мизоҷони соҳаи кишоварзӣ мефаҳмед.

Курси омӯзишии мазкур аз 7 дарс иборат мебошад, ки дар 3 қисм гурӯҳбандӣ шудааст. Дар охири курси омӯзишӣ ба шумо пешниҳод карда мешавад, ки тести ниҳоиро гузаред. Аз рӯи натиҷаи тест шаҳодатномаи электронӣ дар бораи хатми курси омӯзишӣ тайёр карда мешавад.

Давомнокии миёнаи омӯзиши курс 5-6 ҳафта мебошад. Дарсҳо ба ҳисоби миёна барои 45 дақиқа кор кардан таҳия шудаанд. Тавсия дода мешавад, ки дар як ҳафта як ё ҳадди аксар ду дарсро омӯзед.