Ин курс методикаҳои асосиеро, ки шумо метавонед барои фаҳмидан ва идора кардани эҳсосоти худ ва дигарон истифода баред, меомӯзад. Курс дастурҳои амалӣ барои беҳтар кардани салоҳияти эҳсосотӣ ҳангоми муошират бо ҳамкорон, дӯстон ва албатта ҳангоми хизматрасонӣ ба муштариёни КМХМ пешниҳод мекунад.
Мақсади курс:
- омӯзиши асосҳои зеҳни эҳсосотӣ: хусусиятҳо, моделҳо, методикаҳо, техникаҳо, ва усулҳои идоракунии эҳсосот;
- иштирокчиёнро бо усулҳои худташхисӣ муаррифӣ намуда, ба онҳо барои шинохтан ва идора кардани эҳсосоти худ, инчунин эҳсосоти одамони дигар (бо таваҷҷӯҳ ба муносибатҳо бо мизоҷони КМХМ) барои ноил шудан ба муваффақият таълим диҳанд;
- баланд бардоштани самаранокии шахсии ҳар як иштирокчии курс дар хизматрасонӣ ба мизоҷони КМХМ.
Курс аз 8 дарс иборат аст, ки ба 4 мавзӯъ гурӯҳбандӣ шудааст. Ҳар як дарс барои 35-40 дақиқаи омӯзиш пешбинӣ шудааст.
Дар охири курс шумо имкони супоридани имтиҳони ниҳоӣ доред. Пас аз санҷиши бомуваффақият шаҳодатномаи электронӣ дар бораи хатми курс таҳия карда мешавад.
Аз курс лаззат баред ва дар бораи чӣ гуна шинохтан ва идора кардани эҳсосоти худ бештар маълумот гиред.
Тарҷумашавии курси омӯзишии мазкур дастгирӣ шудааст
Курс переведён при поддержке
This course was translated with support from
